Дастоварди назарраси толибилмони тоҷик дар олимпиада оид ба фанҳои дақиқ

Толибилмони тоҷик аз Олимпиадаи байнулмилалии Жаутик (Қазоқистон) оид ба фанҳои дақиқ миёни беҳтарин литсей ва гимназияҳои равияи физика ва математикаи ҷаҳон бо дастовардҳои назаррас баргаштанд. Олимпиадаи мазкур рӯзҳои 13-19 январ дар шаҳри Алмаато доир гардида, дар он 58 даста ва 400 нафар иштирокчиён аз 18 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ин олимпиада аз нигоҳи сатҳи душвории […]



Толибилмони тоҷик аз Олимпиадаи байнулмилалии Жаутик (Қазоқистон) оид ба фанҳои дақиқ миёни беҳтарин литсей ва гимназияҳои равияи физика ва математикаи ҷаҳон бо дастовардҳои назаррас баргаштанд.

Олимпиадаи мазкур рӯзҳои 13-19 январ дар шаҳри Алмаато доир гардида, дар он 58 даста ва 400 нафар иштирокчиён аз 18 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ин олимпиада аз нигоҳи сатҳи душвории вазифаҳо ба олимпиадаҳои умумиҷаҳонӣ оид ба фанҳои математика, физика ва барномарезӣ баробар аст.

Аз литсейи «Ҳотам ва ПВ» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли равон Тоҷикистонро дар ин олимпиада 37 нафар толибилмон аз якчанд литсейҳои президентӣ, Литсей барои кӯдакони лаёқатманд (собиқ литсейи туркӣ) ва литсейи Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» намояндагӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, толибилмони Тоҷикистон дар маҷмӯъ 6 медали биринҷӣ, ба даст овардаанд, ки 4-тои онро толибилмони литсейи «Ҳотам ва ПВ» соҳиб шудаанд. Ҳамчунин миёни дастаҳои Тоҷикистон аз рӯи баллҳои гирифта ва рейтинг литсейи «Ҳотам ва ПВ» ба натиҷаи беҳтарин ноил гардидааст.

Дар зер натиҷаҳои беҳтарин литсей ва гимназияҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар олимпиада ширкат варзидаанд, оварда мешаванд:

Литсейи беҳтарини Қазоқистон – 293, 56 балл;

Литсейи беҳтарини Тоҷикистон («Ҳотам ва ПВ») – 223, 92 балл;

Литсейи беҳтарини Туркманистон – 200,57 балл;

Литсейи беҳтарини Ӯзбекистон – 92,86 балл;

Литсейи беҳтарини Қирғизистон – 87,01 балл.

Дар дастаи Тоҷикистон толибилмони зерин ба гирифтани медалҳо ноил гардиданд: аз фанни математика –  Алишери Анвар, хонандаи «Ҳотам ва ПВ», аз фанни информатика – Нодир Даминов ва Фаррух Каримов, толибилмони «Ҳотам и ПВ», аз фанни физика – Темурҷонов Азимҷон, толибилми «Ҳотам ва ПВ», Мурод Мирҷалилов ва Зикруллоҳ Хӯҷақулов – хонандагони Литсей барои кӯдакони лаёқатманд.

«Қобили зикр аст, ки алҳол дар ягон фан аз Тоҷикистон дар ҳайати ҳакамон касе нест ва ҳамчунин дар аксари кишварҳои иштирокчии олимпиада низоми таҳсили 12 ва 13-сола вуҷуд дорад, яъне аз нигоҳи давомнокии таҳсил ва синнусоли иштирокчиён Тоҷикистон пешакӣ дар мавқеи номусоид қарор мегирад», – гуфтанд дар литсейи «Ҳотам ва ПВ».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.