Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе директори генералии ширкати «Помир Энерҷӣ» Далер Ҷумъаев изҳор намуд, ки айни замон ҳудуди 86%-и аҳолии ВМКБ шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъминанд.
Ба гуфтаи ӯ, боз 11%-и аҳолии вилоят, ки асосан сокинони ноҳияи Ванҷ мебошанд, феълан дар як шабонарӯз аз 14 то 19 соат нерӯи барқ мегиранд. «Ба боқимонда 3%-и аҳолии асосан муқими ноҳияи Мурғоб дар як шабонарӯз танҳо 8 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад», – иброз дошт номбурда.
Ӯ қайд кард, ки дар робита ба масъалаи маблағгузорӣ ба таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии «Оқсу» дар ноҳияи Мурғоб ҳукумат бо шарикон оид ба рушд тавофуқ ҳосил кардааст. «Воситаҳои зарурӣ аллакай дастрас шуда, корҳо оид ба таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи мазкур семоҳаи дуюми ҳамин сол шурӯъ мешаванд», – қайд кард Ҷумъаев.
Директори генералии ширкат таъкид дошт, ки иқтидори нерӯгоҳ дар ноҳияи Мурғоб пас аз таъмиру азнавсозӣ 2,5 баробар афзуда, ба таъмини пурраи аҳолии ноҳия бо нерӯи барқ дар мавсими тобистон ва ба таври назаррас беҳтар шудани он дар мавсими тирамоҳу зимистон имкон фароҳам месозад.
Ҳамчунин ба гуфтаи номбурда, соли равон ҳаллу фасли масъалаи таъмини пурраи ноҳияи Ванҷ бо нерӯи барқ ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки ба ҷуз шаҳрҳои нисбатан бузург, айни замон аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз то 13 соат бо нерӯи барқ таъминанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, ният дорад, ки марҳила ба марҳила нерӯгоҳҳои барқии воқеъ дар қаламрави ВМКБ-ро ба як ҳалқа пайваст ва минбаъд ин занҷираро ба низоми асосии электроэнергетикии ҷумҳурӣ ҳамроҳ кунад.
«Помир Энерҷӣ» лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, AKFED, IFC (Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди байнулмилалӣ аст. Арзиши умумии лоиҳа ҳудуди 26,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, 11,3 млн. доллари ИМА-и он аз ҷониби ҳукумат аз дигар сарчашмаҳо қарз гирифта, ба ширкат дода шудааст. Қарордод ба муддати 25 сол ба имзо расида, бо анҷоми муҳлати он ширкат ба моликияти давлатӣ табдил меёбад.
Айни замон 11 нерӯгоҳи барқи обӣ дар ихтиёри «Помир Энерҷӣ» қарор доранд, ки бузургтаринашон нерӯгоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Хоруғ» ва боз 9 нерӯгоҳи хурди воқеъ дар ноҳияи вилоят мебошанд. Дар мавсими зимистон иқтидори умумии онҳо наздики 43 мВт-ро ташкил медиҳад.



