Интиқоли 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷ

Идорахои энергетикии Тоҷикисону Русия тавозуни индикативии сӯзишвории ҷумҳурӣ барои соли 2016-ро мувофиқа карданд. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки чун соли 2015 давоми соли равон Русия ба Тоҷикистон 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни ситонидани боҷи содиротӣ интиқол медиҳад. Аз ҷумла таҳвили 260 ҳазор тонна […]



Идорахои энергетикии Тоҷикисону Русия тавозуни индикативии сӯзишвории ҷумҳурӣ барои соли 2016-ро мувофиқа карданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки чун соли 2015 давоми соли равон Русия ба Тоҷикистон 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни ситонидани боҷи содиротӣ интиқол медиҳад. Аз ҷумла таҳвили 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва ҳамчунин дигар маҳсулоти нафтии русиягӣ дар назар аст.

Ба гуфтаи вазир, соли равон ба интиқоли ҳаҷми аз ҷониби Тоҷикистон дархостшудаи маҳсулоти нафтӣ аз Русия ҳудуди 40 ширкат машғул хоҳанд шуд.

Ӯ таъкид дошт, ки тайи ду соли ахир Тоҷикистон дар доираи тавозуни индикативии сӯзишворӣ аз Русия маҳсулоти нафтӣ дастрас мекунад. «Аз ҷумла, – иброз дошт ӯ. – Соли 2014 ҷонибҳо дар хусуси 1 млн. тонна тавофуқ ҳосил карда буданд, вале ба ҷумҳурӣ муясссар гардид, ки ҳамагӣ 576 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол диҳад. Соли 2015 ҳаҷми тавозуни индикативӣ 830 ҳазор тоннаро ташкил дод, лекин дар амал тақрибан 560 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд».

Коҳиши ҳаҷми интиқол мутобиқи тавозуни индикативиро вазир дар навбати аввал ба афзоиши ҳаҷми воридоти гази моеъ нисбат медиҳад, ки бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, ҳудуди 60%-и автомашинаҳои ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз он истифода мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 336 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли 2014 ба миқдори 57 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.