Маросими оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 дар Душанбе



Сарони кишварҳои иштирокчии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони хатти интиқоли барқ ва дигар зербинои ин лоиҳа дар Душанбе иштирок карданианд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода рӯзи чоршанбе зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба дар Тоҷикистон баргузор шудани маросими оғози сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавии ин лоиҳа аз ҷониби раҳбарияти Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон маъқул шуморида шудааст.

Вазир қайд кард, ки маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони хатти интиқоли барқ ва дигар зербинои лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли равон доир мегардад.

Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта чор кишвари иштирокчии лоиҳа ҳамаи

созишномаҳои заруриро ба имзо расониданд.

«Аз ҷумла, санадҳо оид ба таҳвили нерӯи барқ, дар бораи тарифҳо ва ғайра ба тасвиб расиданд», – иброз дошт ӯ.

Усмонзода зикр кард, ки ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории қитъаи тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 аллаккай маълум буда, ин маблағҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ – 45 млн. $ (грант), Бонки исломии рушд – 70 млн. $ (қарз), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд – 110 млн. $ (қарз) ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ – 79 млн. $ (қарз) ҷудо карда мешаванд. Ғайр аз ин, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ахири соли гузашта палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000)

6 созишномаи молиявиро тасдиқ кард.

Дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ Датка – Хуҷанд дар назар аст, ки низомхои энергетикии Қирғизистону Тоҷикистонро бо ҳам пайваст мекунад. Ҳамчунин бунёди хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон ба Пешовари Покистон тариқи Афғонистон пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, дар тамоми масофаи хатти интиқоли барқ зеристгоҳҳои табодули барқ насб мешаванд.

Оғози интиқоли барқ ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВТ дар як сол тариқи ин хат соли 2017 дар назар аст. Агар Афғонистон нерӯи барқи дар доираи лоиҳаи ҷудошуда дар ҳаҷми 300 МВт дар як солро истеъмол карда натавонад, онро Покистон дастрас хоҳад кард.

Амалисозии лоиҳа ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар сол аз ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад. Дар лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои дар мавсими тобистон аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон  интиқол додани нерӯи барқи зиёдатӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин амалисозии ин лоиҳа ба таҳияи механизмҳои савдои барқ ва таъсиси бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) низ мусоидат менамояд.

Анҷоми амалисозии лоиҳаи мазкур соли 2020 дар назар аст. Арзиши умумии лоиҳа беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – 314 млн., Қирғизистон – 209 млн., Афғонистон – 354 млн. ва Покистон – 209 млн. доллари ИМА.

spot_imgspot_img

Популярное