Футзал: Вохӯрии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусовӣ анҷом ёфт

Дар маҷмааи вразишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд рӯзи 27 январ вохӯрии якуми дӯстона миёни дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон бо соҳибони мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал – дастаи Ӯзбекистон доир гардида, бозӣ мусовӣ – бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, имрӯз соати 18-00 вохӯрии […]

ASIA-Plus



Дар маҷмааи вразишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд рӯзи 27 январ вохӯрии якуми дӯстона миёни дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон бо соҳибони мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал – дастаи Ӯзбекистон доир гардида, бозӣ мусовӣ – бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, имрӯз соати 18-00 вохӯрии дуюми дӯстонаи ин дастаҳо баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканд доир гардида, футзалистони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад.

Футзалистони тоҷик бозии аввалро рӯзи 11 феврал бо дастаи Таиланд, сипас вохӯрии дуюмро санаи 13 феврал бо дастаи Ветнам ва бозии охир дар даври гурӯҳиро рӯзи 15 феврал бо тими мунтахаби Тайван мегузаронанд.

Ҳайати гурӯҳҳо баъди қуръакашӣ чунин шакл гирифтанд:


Гурӯҳи «А»:

Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбекистон.


Гурӯҳи «В»:

  Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.


Гурӯҳи «С»:

Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.


Гурӯҳи «D»:

  Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи чаҳорякфиналии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби Тоҷикистон, ӯ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» (Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон) бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.