Ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Панҷ номи фармондеҳи «Алфа» гузошта шуд

Дар минтақаи зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ 5 дидбонгоҳи нави замонавӣ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба истифода дода шуданд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз утоқҳои корӣ, хобгох, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, […]



Дар минтақаи зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ 5 дидбонгоҳи нави замонавӣ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба истифода дода шуданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз утоқҳои корӣ, хобгох, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҷои дастурӯйшӯӣ, ҳаммоми замонавӣ иборатанд.

Гуфта мешавад, яке аз дидбонгоҳи навътасиси сарҳадии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар маросими тантанавӣ бо гузоштани нимпайкараи генерал-майор Рустам Амакиев, фармондеҳи воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ ҶТ ба номи ӯ гузошта шуд. Рустам Амакиев зимни амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода моҳи сентябри соли гузашта ҳалок шуда буд.

Дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи генерал-майори ҳалокшуда раҳбарияти КДАМ, наздикони ӯ, марзбонон ва сокинони маҳаллӣ ҳузур доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.