Боздошти 104 нафар қонуншиканон дар марз

Марзбонони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз 1 то 26 январ дар хатти сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон 41 килову 250 грамм маводи мухаддирро мусодира намуданд. Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра дар марзҳои Тоҷикистон аз […]



Марзбонони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз 1 то 26 январ дар хатти сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон 41 килову 250 грамм маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра дар марзҳои Тоҷикистон аз қочоқбарон як адад аслиҳаи оташфишон ва 17 адад муҳимоти ҷангӣ мусодира шуда, барои риоя накардани тартиботи сарҳади давлатӣ 104 нафар қонуншиканон боздошт шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар сарҳади Тоҷикистон дар ин давра марзбонон 32 тонна бору маҳсулоти қочоқӣ, аз ҷумла орду хушкмева ва пиёзро боздошт кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.