Арзи сипос ба Озарбойҷону Кувайт барои кумак ҷиҳати рафъи оқибатҳои заминларза

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода рӯзи 27 январи соли 2016 сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон А.Гасановро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон миннатдории раҳбарияти кишварро ба Ҳукумат ва мардуми Озарбойҷон барои кӯмаки башардӯстона ҷиҳати рафъи оқибатҳои заминларза дар ВМКБ изҳор намуда, паёми […]



Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода рӯзи 27 январи соли 2016 сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон А.Гасановро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон миннатдории раҳбарияти кишварро ба Ҳукумат ва мардуми Озарбойҷон барои кӯмаки башардӯстона ҷиҳати рафъи оқибатҳои заминларза дар ВМКБ изҳор намуда, паёми арзи сипоси Президента Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сарвари давлати Озарбойҷон супурд.

Ҳамчунин дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, рӯзи 24 январи соли 2016 дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт маросими тақдими кумаки молиявии Бунёди байналмилалии хайриявии Кувайт барои бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов ба масъулони Бунёди хайриявӣ изҳори сипос намуд ва таъкид дошт, ки ин иқдом баёнгари пайвандҳои самимии бародарӣ ва дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.