Холӣ шудани курсиҳо дар ҳарду палатаи парлумон

Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанзода, ки санаи 27 январ бо фармони президент Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, бояд ваколатҳои худ ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагонро супорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як […]



Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанзода, ки санаи 27 январ бо фармони президент Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, бояд ваколатҳои худ ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагонро супорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода низ баъди ба вазифа тасдиқ шуданаш бояд ваколати худ ба вакилӣ дар палатаи болоии парлумонро супорад.

Хотиррасон шуд, ки М.Ватанзода аз ҳавзаи интихоботии якмандатии ноҳияи Фирдавсӣ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон ва Б.Худоёрзода аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе ба вакилӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб шудаанд.

Санаи баргузории интихобот ба ҷойҳои М.Ватанзода ва Б.Худоёрзодаро КМИР дар муддати ду моҳ аз замони расман қатъ шудани ваколатҳои онҳо эълон мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.