Дастури раиси пойтахт ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави гармидиҳӣ

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи мақомоти шаҳрдории пойтахтро баргузор намуд, ки дар он масоили марбут ба амалисозии нуктаҳои паёми президенти Тоҷикистон ба парлумон аз 20 январ баррасӣ шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, М.Убайдуллоев дастур додааст, ки соли ҷорӣ ба кори 45 гурӯҳи таблиғотӣ, […]



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи мақомоти шаҳрдории пойтахтро баргузор намуд, ки дар он масоили марбут ба амалисозии нуктаҳои паёми президенти Тоҷикистон ба парлумон аз 20 январ баррасӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, М.Убайдуллоев дастур додааст, ки соли ҷорӣ ба кори 45 гурӯҳи таблиғотӣ, ки моҳи августи соли гузашта ташкил шуда буданду ба ҳайати онҳо афроди соҳибэҳтироми шаҳр – собиқадорон, олимон ва арбобони давлатӣ шомиланд, идома бахшида шавад.

Ин гурӯҳҳо ба шарҳи роҳу воситаҳои ҳимоя аз арзишҳои миллӣ ба сокинон, беҳбуди сатҳи огаҳии ҳуқуқии шаҳрвандон идома дода, ҷиҳати пешгирии паҳншавии падидаҳои ифротгароии динӣ ва терроризм дар ҷомеа бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳои судманд мегузаронанд.

Бо назардошти ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсоли гармӣ ва оби гарм дар шаҳр, раиси пойтахт ба корхонаҳои дахлдор дастур додааст, ки ҳамаи хонаҳои баландошёнаро ба мавсими гармидиҳии солҳои 2016-2017 омода кунанд.

Дар ин робита ба муовини раиси шаҳри Душанбе Шакарбек Самадов супориш дода шудааст, ки то 1 апрел нақшаи омодагии шаҳр ба мавсими зимистони ояндаро таҳия созад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.