Истирдоди қариб нисфи паноҳандагон аз Шветсия

Бино ба маълумоти хабаргузории DW, вазири корҳои дохилии Шветсия Андерс Игеман иттилоъ додааст, ки ҳукуматдорони ин кишвар то 80 ҳазор нафар гурезагонро, ки барои дастрас кардани мақоми паноҳандагӣ соли гузашта ариза додаанд, истирдод карданист. Гуфта мешавад, рӯзи 27 январ Андерс Игеман изҳор доштааст, ки ҳукумати Шветсия аз 60 то 80 ҳазор нафарро, ки соли 2015 […]



Бино ба


маълумоти


хабаргузории DW, вазири корҳои дохилии Шветсия Андерс Игеман иттилоъ додааст, ки ҳукуматдорони ин кишвар то 80 ҳазор нафар гурезагонро, ки барои дастрас кардани мақоми паноҳандагӣ соли гузашта ариза додаанд, истирдод карданист.

Гуфта мешавад, рӯзи 27 январ Андерс Игеман изҳор доштааст, ки ҳукумати Шветсия аз 60 то 80 ҳазор нафарро, ки соли 2015 ҳамчун гурезагон омада буданду вале барои пешниҳоди паноҳандагии сиёсӣ посухи рад гирифтанд, аз кишвар хориҷ карданист. Соли гузашта ба Шветсия дар маҷмӯъ ҳудуди 163 ҳазор нафар гурезагон омадаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳукумат Шветсия ба мақомоти пулис ва хадамоти муҳоҷират дар ин робита дастур додааст, ки ба истирдодҳои оммавӣ омодагӣ гиранд.

Нашрияи Dagens Industri дар ин робита менависад, агар ҳукуматдорон ин нақшаи худро муддати як сол амалӣ карданӣ бошанд, пас ба онҳо лозим меояд, ки дар як рӯз беш аз 200 нафарро аз кишвар хориҷ кунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.