Таъмини аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ моҳи феврал беҳтар шуда метавонад

Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи зиёд кардани ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ дар моҳи февралро баррасӣ дорад. Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъмин буда, аҳолии манотиқи деҳот на камтар аз 13 соат […]



Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи зиёд кардани ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ дар моҳи февралро баррасӣ дорад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъмин буда, аҳолии манотиқи деҳот на камтар аз 13 соат дар як шабонарӯз бо нерӯи барқ таъминанд.

«Бо дастури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин масъала таҳти назорати қатъии ширкати «Барқи тоҷик» қарор дорад, – иброз дошт вазир. – Имрӯз ба минтақаҳо дар як шабонарӯз на камтар аз 13 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Рӯзҳои наздик беҳтар шудани таъминоти аҳолии минтақаҳо бо нерӯи барқ дар назар аст».

Ӯ қайд кард, ки айни замон захиарҳои оби обанбори Норак нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,35 метр ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 ба андозаи 5,5 метр баландтар аст.

«Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҳаҷми интиқоли барқ ба аҳолиро зиёдтар кунем», – гуфт Усмонзода ва илова намуд, ки «моҳи феврал энергетикҳо кӯшиш мекунанд, ки ба реҷаи интиқоли барқ тағйирот ҷорӣ намоянд». «Аммо ҳамааш ба шароити обуҳаво вобаста хоҳад буд», – афзуд вазир.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.