Нисбати беш аз 20 корманди Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар робита ба фирори шаҳрванди Тоҷикистон аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Маскав чораҳои интизомӣ андешида мешаванд.
Бино ба
иттилои
ВАО-и Русия бо истинод ба хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Русия, сардори тавқифгоҳи муваққатии №5, роҳбарони дастгоҳи Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар Маскав, дар маҷмӯъ 24 нафар кормандони Хадамот ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Гуфта мешавад, фирор дар натиҷаи дағалона риоя нашудани тартиби берун овардани маҳбусон аз ҳуҷраҳои зиндон имконпазир шудааст. Айни замон масъалаи оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи хунукназарӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Маъруф Одинаев ба иттиҳоми суиқасди фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд (қисми 1-и моддаи 30 қисми 5-и моддаи 228-1-и Кодекси ҷиноии Русия) ба ҳабс гирифта шуда буд.
Рӯзи 13 январ ӯ бо истифода аз монандии худ ба маҳбуси дигар дар ҳуҷраи зиндон, ки бояд барои анҷоми муҳлати ҳабсаш озод мешуд, бидуни монеъа нуқтаи гузаргоҳро гузашта,
аз тавқифгоҳ гурехта буд
. Эҳтимол меравад, барои дар маҳбас боқӣ мондан ба ҷоойи худаш, ӯ ба маҳбуси шиносаш маблағи пулӣ додааст.
Ба кормандони фаврӣ ва таъиноти махсуси Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар Маскав баъди чор рӯзи фирор муяссар шуд Маъруф Одинаевро
боздошт намоянд
. «Рӯзи 17 январи соли 2016 дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамроҳ бо дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Одинев Маъруф боздошта шуд», –
хабар дода шуда буд
дар сомонаи Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар Маскав.



