Зимни муаррифи гузориши Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) «Гузориш дар бораи давраи гузариш» барои солҳои 2015-2016 дар Душанбе роҳбари намояндагии бонк дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс изҳор дошт, ки ҳаҷми сармоягузории БАТР ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 ба 166 млн. евро (соли 2014 – 62 млн. ва соли 2014 – 14 млн. евро) расидааст.
Номбурда дар ин робита қайд кард: «Бонк шумори рекордӣ – 15 лоиҳаҳо дар тамоми бахшҳои иқтисодро дастгирӣ намуд. Лоиҳаҳои назаррас – ҳисса дар маблағгузорӣ ба ифтитоҳи нахустин гипермаркети Ашан дар Осиёи Марказӣ, саҳмгузорӣ ба сохтмони корхонаи нави Coca-Cola ва қарз ба ширкати «Барқи тоҷик» ҷиҳати таҷдиду азнавсозии зерсохтори зарурӣ барои лоиҳаи CASA-1000 мебошад. БАТР ҳамчунин ба бахши молиявӣ, ширкатҳои маҳаллӣ ва зербинои мақомоти маҳаллии худидоракунӣ маблағгузорӣ ва дастгирии машваратӣ пешниҳод намуд».
Агрис Прейманис, муовини директор, сариқтисодчии минтақавии БАТР зикр кард, ки соли равон таъсири муҳити беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва минтақа меафзояд ва дар партави воқеъияти нави иқтисодӣ ва буҳрони моливу иқтисодӣ, ки дар иқтисоди шарикони асосии кишварҳои минтақа идома дорад, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа бояд ба ислоҳот идома бахшида, баҳри беҳбуди зербино ва ҳамгиройии байнулмилаливу минтақавӣ, мусоидат ба инноватсияҳо, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва устувории иқтисодӣ барои давраи дарозмӯҳлат тадбирҳо андешанд.



