Эълони озмун дар мавзӯи экологияи Маҷлиси намояндагон

Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба силсилаи мақолаҳо, филмҳои мустанад, наворҳои тарғиботӣ ва дигар маводи итилоотиро оид ба экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, асарҳои беҳтарин дар мавзӯи экология бо мақсади тарғиби сиёсати экологии Тоҷикистон ва инъикоси воқеъбинонаи мушкилоти экологии кишвар эълон менамояд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон […]

ASIA-Plus



Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба силсилаи мақолаҳо, филмҳои мустанад, наворҳои тарғиботӣ ва дигар маводи итилоотиро оид ба экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, асарҳои беҳтарин дар мавзӯи экология бо мақсади тарғиби сиёсати экологии Тоҷикистон ва инъикоси воқеъбинонаи мушкилоти экологии кишвар эълон менамояд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар Озмун гурӯҳҳои эҷодӣ, олимон, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карда метавонанд.

Мавзӯи маводи иттилоотии ба озмун пешниҳодшаванда:

– тағйирёбии иқлим, чораҳои пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба он;

–           истифодаи захираҳои обию энергетикӣ;

–           масъалаҳои экологии байнисарҳадӣ;

–           инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла истифодаи захираҳои обию энергетикӣ;

– энергетика ва рафъи камбизоатӣ;

–           тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ;

–           ҳифзи гуногунии биологии кишвар;

–           идоракунии партовҳо;

–  нақлиёт ва ҳифзи ҳавои атмосфера.

 Ҳаҷм ва шумораи маводи иттилоотии ба Озмун пешниҳодшаванда маҳдуд набуда, он метавонад бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ омода карда шавад.

Маводи иттилоотии ба Озмун пешниҳодшаванда тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион, воситаҳои интернетӣ ба оммаи васеъ бояд дастрас бошад. Нусхаи маводи иттилоотӣ бо ишораи «Ба Озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба асарҳои беҳтарин дар мавзӯи экология», бо нишон додани ному насаб, суроға, суроғаи электронӣ ва телефонҳо ба Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон ирсол карда мешавад. Комиссияи экологӣ метавонад маводи иттилоотии ба озмун пешниҳодшударо дар сомонаи интернетии худ ва дигар воситаҳои ахбори омма ҷой диҳад.

Иштироккунанда уҳдадор аст дар сурати аз тарафи шахси сеюм пешниҳод гаштани даъво оид ба вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ  онро бо қувваи худ ва аз ҳисоби худ ҳал намояд.

Маводи ба Озмун пешниҳодшаванда аз тарафи Комиссияи озмун баррасӣ гардида, рӯзмарра будани масъалаҳои дар он дарҷгардида, аз тариқи кадом воситаи ахбори омма паҳн шудани мавод (маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, берун аз он), инчунин вокуниш нисбат ба маводи пешниҳодшуда ба инобат гирифта мешавад.

Озмун аз 1 январ то 20 декабри соли 2016 гузаронида мешавад.

 Ғолибони Озмун аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.

 Барои ғолибон чунин мукофотҳои пулӣ пешбинӣ карда мешаванд:

– ҷойи якум              – 4000 сомонӣ;

– ҷойи дуюм             – 3000 сомонӣ;

– ҷойи сеюм              – 2000 сомонӣ.

 Барои иштирокчиёни алоҳидаи озмун, ки маводи иттилоотии онҳо аз тарафи Комисияи озмун қайд мегардад, 10 тӯҳфаи хотиравӣ муайян шудааст.

 Мукофотҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибон дар ҷаласаи Комиссияи экологӣ аз тарафи Раиси Комиссияи озмун дар давоми 10 рӯз баъд аз эълони натиҷаҳои озмун супорида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.