Афзоиши истеҳсолот дар ТАЛКО пас аз 7 соли коҳиш

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли алюминиии аввалияро афзуда, ба тамоили ҳафтсолаи коҳиши истеҳсолот хотима бахшид. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта ТАЛКО истеҳсоли алюминии аввалияро то 139 ҳазор тонна зиёд кардааст. Ба гуфтаи вазир, ҳудуди 12 ҳазор […]



Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли алюминиии аввалияро афзуда, ба тамоили ҳафтсолаи коҳиши истеҳсолот хотима бахшид.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта ТАЛКО истеҳсоли алюминии аввалияро то 139 ҳазор тонна зиёд кардааст.

Ба гуфтаи вазир, ҳудуди 12 ҳазор тоннаи алюминии аввалия соли гузашта дар дохили ҷумҳурӣ коркард шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 4 ҳазор тонна бештар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ҳарчанд нисбат ба соли 2014 соли гузашта ТАЛКО аз рӯи ҳаҷм содироти алюминийро ба миқдори 6 ҳазор тонна зиёд карда бошад ҳам, аммо бинобар сабаби поинравии нархҳо ба ин металл, барои он 18 млн. доллари ИМА камтар маблағ ба даст овард.

Соли 2015 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 216 млн. доллари ИМА 130,9 ҳазор тонна алюминиии аввалия содирот кард. Соли 2014 бошад, ҳаҷми содироти ин металл 125 ҳазор тонна ба маблағи умумии 234 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Шавкат Бобозода бар ин назар аст, ки дар шароити поинравии нархҳои биржавӣ коҳиши истеҳсоли ҳаҷми алюминий зарур нест, зеро нисбат ба дигар истеҳсолкунандагони алюминий дар ҷаҳон, ТАЛКО нерӯи барқро нисбатан арзон дастрас мекунад, ки дар истеҳсоли алюминии аввалия нақши муҳим дорад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир дар ТАЛКО тамоили коҳиши истеҳсоли алюминий ба мушоҳида мерасид. Ҳамин тариқ, дар ТАЛКО соли 2007 – 419; соли 2008 – 400; соли 2009 – 360; соли 2010 – 348; соли 2011 – ҳудуди 290; соли 2012 – 275; соли 2013 – беш аз 218 ва соли 2014 – ҳудуди 125 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.