Футзал: Бохти Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бо ҳисоби 2 бар 11

Дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд рӯзи 28 январ вохӯрии дуюми дӯстона миёни дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон бо соҳибони мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал – дастаи Ӯзбекистон доир гардида, бозӣ бо ғалабаи калони соҳибони майдон 11 бар 2 анҷом ёфт. Ёдрас мекунем, ки вохӯрии якуми дӯстона байни ин дастаҳо рӯзи 27 […]

ASIA-Plus



Дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд рӯзи 28 январ вохӯрии дуюми дӯстона миёни дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон бо соҳибони мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал – дастаи Ӯзбекистон доир гардида, бозӣ бо ғалабаи калони соҳибони майдон 11 бар 2 анҷом ёфт.

Ёдрас мекунем, ки вохӯрии якуми дӯстона байни ин дастаҳо рӯзи 27 январ доир гардида, мусовӣ – 1 бар 1 анҷом пазируфта буд.

«Ҳама гуна бохт як сабақ ва таҷрибаандӯзӣ аст», – мухтасар шарҳ додааст натиҷаи бозиро дар аккаунти расмии худ дар Twitter Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканд доир гардида, футзалистони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад.

Футзалистони тоҷик бозии аввалро рӯзи 11 феврал бо дастаи Таиланд, сипас вохӯрии дуюмро санаи 13 феврал бо дастаи Ветнам ва бозии охир дар даври гурӯҳиро рӯзи 15 феврал бо тими мунтахаби Тайван мегузаронанд.

Ҳайати гурӯҳҳо баъди қуръакашӣ чунин шакл гирифтанд:


Гурӯҳи «А»:

Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбекистон.


Гурӯҳи «В»:

  Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.


Гурӯҳи «С»:

Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.


Гурӯҳи «D»:

  Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи чаҳорякфиналии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби Тоҷикистон, ӯ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» (Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон) бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.