Вакилон раиси нави КМИР-ро интихоб мекунанд

Дар рӯзномаи иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки ҳафтаи оянда баргузор мешавад, баррасии масъалаи интихоби раиси нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар назар аст. Ёдрас мекунем, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи равон ба вазифаи раиси КМИР Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзодаро пешниҳод намуд, ки қаблан ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент фаъолият […]



Дар рӯзномаи иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки ҳафтаи оянда баргузор мешавад, баррасии масъалаи интихоби раиси нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи равон ба вазифаи раиси КМИР Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзодаро пешниҳод намуд, ки қаблан ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент фаъолият дошт. Ба ин мансаб духтари президент Озода Раҳмон таъин шуд.

Мансаби раиси КМИР Тоҷикистонро пештар Шермуҳаммад Шоҳиён бар дӯш дошт, ки моҳи апрели соли гузашта ба вазифаи раиси Суди олии кишвар таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз президент ба ҷойи аъзои хориҷшудаи КМИР номзадҳо пешниҳод накардааст. Соли гузашта се нафар аз аъзогӣ дар ҳайати КМИР хориҷ шуданд. Вера Наимова бинобар сабаби ба макони зисти доимӣ дар хориҷи кишвар рафтанаш, Акбаралӣ Сатторов бо сабаби марги бемаҳал ва Ҷалолиддин Маҳмудов бинобар ҷазо гирифтан барои нигаҳдории аслиҳаи оташфишон аз ҳайати КМИР хориҷ шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.