Вакилон раиси нави КМИР-ро интихоб мекунанд



Дар рӯзномаи иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки ҳафтаи оянда баргузор мешавад, баррасии масъалаи интихоби раиси нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи равон ба вазифаи раиси КМИР Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзодаро пешниҳод намуд, ки қаблан ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент фаъолият дошт. Ба ин мансаб духтари президент Озода Раҳмон таъин шуд.

Мансаби раиси КМИР Тоҷикистонро пештар Шермуҳаммад Шоҳиён бар дӯш дошт, ки моҳи апрели соли гузашта ба вазифаи раиси Суди олии кишвар таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз президент ба ҷойи аъзои хориҷшудаи КМИР номзадҳо пешниҳод накардааст. Соли гузашта се нафар аз аъзогӣ дар ҳайати КМИР хориҷ шуданд. Вера Наимова бинобар сабаби ба макони зисти доимӣ дар хориҷи кишвар рафтанаш, Акбаралӣ Сатторов бо сабаби марги бемаҳал ва Ҷалолиддин Маҳмудов бинобар ҷазо гирифтан барои нигаҳдории аслиҳаи оташфишон аз ҳайати КМИР хориҷ шуда буданд.

spot_imgspot_img

Популярное