Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳафтаи гузашта миёни сарҳадбонон ва марзшиканон тирпарронӣ сурат гирифта, як қочоқбари маводи нашъаовар кушта шуд.
Нимаи рӯзи 28 январ дар яке аз қитъаҳои дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ» дастаи марзбонон ва гурӯҳи фаврии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддирро пешгирӣ карданд.
Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи мусаллаҳи номаълум дар ҳайати 4 нафар зимни убури ғайриқонунии марз ба дастаи марзбонон дучор меоянд. Баъди итоат накардан ба талаби марзбонон, миёни онҳо тирпарронӣ сурат гирифта, ҷинояткорони номаълум ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса марзбонон беш аз 1 кило маводи мухаддири героин, 15 кило ҳашиш ва ҳамчунин ҷасади як қочоқбари афғонро пайдо кардаанд.





