Таваҷчуҳи олимон ба навъҳои гандуми Тоҷикистон

Олимон ба навъҳои маъмулии гандумҳои Тоҷикистону Туркия ва Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин бора Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) хабар медиҳад. Дар як силсила маводи мунташиршудаи ФАО дар бораи навъҳои маҳалии гандум дар Тоҷикистону Туркия ва Ӯзбекистон маълумот дода шудааст. Коршиносон аз хоҷагиҳои фермерӣ дар ин се кишвар боздид намуда, бо фермерон машварат […]



Олимон ба навъҳои маъмулии гандумҳои Тоҷикистону Туркия ва Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин бора Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) хабар медиҳад.

Дар як силсила маводи мунташиршудаи ФАО дар бораи навъҳои маҳалии гандум дар Тоҷикистону Туркия ва Ӯзбекистон маълумот дода шудааст. Коршиносон аз хоҷагиҳои фермерӣ дар ин се кишвар боздид намуда, бо фермерон машварат ва навъҳои гандумро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Дар мавод номгӯи муфаасали навъҳои маҳаллии гандум бо ҷузъиётии макон, сабабҳо, тарзу усул ва шароитҳое, ки фермерон ба парвариши онҳо идома медиҳанд, дарҷ ёфтаанд. Ҳамчунин дар таҳқиқот омилҳои таъсиррасон ба парвариши навъҳои маҳаллии гандум, аз қабили омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва аграрӣ зикр шудаанд. Ба таври иловагӣ як қатор тавсияҳо ба шахсоне, ки оид ба масоили нигаҳдории гуногуншаклии генетикӣ тасмим мегиранд, оварда шудаанд.

«Интихоби навъҳои муосири гандум ба як қатор омилаҳо вобастагӣ дорад, аз ҷумла ҳосилнокии баланд, дастрасии осонтар ба бозорҳо ва тобоварӣ ба бемориҳо. Навъҳои маҳаллии гандумро гоҳ-гоҳ истифода мекунанд ва таври маъмул дар минтақаҳои дурдасти деҳот, ки гандум дар сатҳи хонаводагӣ истифода шуда, то ба бозор намерасад», – таъкид месозанд коршиносони ФАО.

Муалифони мавод қайд мекунанд, ки афзалияти навъҳои муосири гандум ба талафёбии гуогуншаклии генетикӣ боис шуда метавонад, ки аллакай солҳои наздик барои рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дигар зуҳурот зарур шуда метавонад.

Навъҳои маҳаллии гандум қобилияти мутобиқ шудан ба шароитҳои номусоидии обуҳаво ва парвариш ёфтан дар навъҳои гуногуни хокро доранд.

Мутахассиси ФАО оид ба растанипарварӣ ва ҳифзи растанӣ Ҳафиз Муминҷонов дар ин робита изҳор намудааст, ки аксари одамон аз навъҳои маҳаллии гандум ва вазифаҳои ҳаётан муҳими онҳо, ки барои нигаҳдории гуногуншаклии генетикӣ заруранд, огаҳии хуб надоранд. «Ин мавод сарчашмаи маълумот дар бораи навъҳои маҳаллии гандум ва дастур барои шахсонест, ки дар ин самт тасмимгирӣ мекунанд. Барои дастгирии фермерони машғул ба парвариши навҳои маҳалли гандум, баланд бардоштани сатҳи огаҳии истеъмолгарон ва тавсеъаи имконоти бозор корҳои зиёдеро ба сомон расонидан зарур аст», – иброз доштааст мутахассис.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.