Аз 2 то 5 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласаи зикршуда ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок дорад.
Дар рафти ин ҷаласа мавзӯъҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Котибони Шуроҳои амният пешниҳод мешаванд, инчунин масъалаҳои васеъшавӣ ва дигар масъалаҳои ҷории фаъолияти Созмон мавриди муҳокима қарор доранд.
Ҳамоҳангсозони миллӣ ҳамчунин дар чорабинии расмӣ бахшида ба фаъолият шурӯъ намудани Котиби генералии СҲШ – намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Олимов ширкат хоҳанд кард.
Дар доираи иштирок дар ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз рафти корҳои ороиш ва омода намудани толори “Душанбе” дар бинои Котиботи СҲШ боздид кард.





