Фиребхӯрдагон аз қарздиҳӣ бо маблағҳои ниҳоят зиёд ба милитсия муроҷиат карданд

Санаи  2 феврал ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2015, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, 16 ҳазору 500 долларашро баргардонида, боқимонда 33 ҳазору 500 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.       […]



Санаи  2 феврал ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2015, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, 16 ҳазору 500 долларашро баргардонида, боқимонда 33 ҳазору 500 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.

       

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамин тариқ, марди 39-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур низ ба ШВКД муроҷиат намудааст, ки  моҳи сентябри соли 2011, марди 32-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 200000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки охирҳои соли 2013 марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Ренҷровер”, ки арзишаш 63 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта 30 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағашро то ҳол барнагардонидааст.                     

Ҳамчунин ҳамин рӯз ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки моҳи январи соли 2014 марди 39-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 500000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.         

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, марди 63-солаи сокини шаҳри Норак муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2013 марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10500 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.