Чорабинии расмӣ бахшида ба оғози кори Рашид Олимов ба ҳайси Котиби генералии СҲШ

Аз 2 то 5 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласаи зикршуда ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода […]



Аз 2 то 5 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласаи зикршуда ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок дорад.

Дар рафти ин ҷаласа мавзӯъҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Котибони Шуроҳои амният пешниҳод мешаванд, инчунин масъалаҳои васеъшавӣ ва дигар масъалаҳои ҷории фаъолияти Созмон мавриди муҳокима қарор доранд.

Ҳамоҳангсозони миллӣ ҳамчунин дар чорабинии расмӣ бахшида ба фаъолият шурӯъ намудани Котиби генералии СҲШ – намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Олимов ширкат хоҳанд кард.

Дар доираи иштирок дар ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз рафти корҳои ороиш ва омода намудани толори “Душанбе” дар бинои Котиботи СҲШ боздид кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.