Суди конститутсионӣ тағйирот ба Конститутсияро баррасӣ мекунад

Суди конститутсионии ҷумҳурӣ пагоҳ, 4 феврал тағйироту илова ба Конститусияи Тоҷикистонро, ки аз ҷониби як гурӯҳи вакилони ҳарду палатаи парлумон пешниҳод шудааст, баррасӣ мекунад ва хулосаҳои худро оид ба ин масъала ба парлумон ирсол медорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, Маҷлии намояндагони […]

Аваз Юлдошев



Суди конститутсионии ҷумҳурӣ пагоҳ, 4 феврал тағйироту илова ба Конститусияи Тоҷикистонро, ки аз ҷониби як гурӯҳи вакилони ҳарду палатаи парлумон пешниҳод шудааст, баррасӣ мекунад ва хулосаҳои худро оид ба ин масъала ба парлумон ирсол медорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, Маҷлии намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки дар зарфи 15 рӯз аз замони гирифтани хулосаи Суди конститутсионӣ, санаи баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули онҳоро эълон намояд.

Палатаи поёнии парлумон санаи 22 январ лоиҳаи тағйирот ба Конститусияи ҷумҳуриро баррасӣ намуда, қарор кард, ки мафҳуми «Сарқонун» аз матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешавад. Тағйирот барои хулосабарорӣ ба Суди конститутсионӣ фиристода шуд.

Дар иҷлосия қайд шуда буд, ки президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ба мансаби сарвари давлат ба шумори номаҳдуд интихоб шуда метавонад.

Ғайр аз ин, ворид намудани тағйироту илова ба моддаи 28-и Конститутсия низ дар назар аст, ки ба таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дахл дорад. Аз ин модда бекор шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъсиси ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти динӣ ва миллатгароӣ  пешбинӣ мешавад.

Мутобиқи тағйироту иловаи пешбинишуда, синнусоли ягона ҳам барои вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ҳамчунин барои судяҳои Суди олӣ, Суди конститутсионӣ ва Суди олии иқтисодии Тоҷикистон – 30 сол муқаррар карда мешавад.

Айни замон меъёри синнусол барои вакилони палатаи поёнии парлумон – 25 сол ва аъзои палатаи болоии парлумон – 35 солро ташкил медиҳад.

Дар тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда барҳам додани Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар назар аст. Ғайр аз ин, дар тағйироту иловаҳо масъулияти падару модарон назди фарзандон ва ҳамчунин фарзандон назди волидон пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.