Муаррифии хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Пекин дар Чин

Дар бинои меҳмонхонаи «Кемпински»-и шаҳри Пекин дипломатҳои тоҷик таҳти сарварии кордори муваққатии сафорати Тоҷикистон дар Чин Шаҳло Абдураҳимова ба муносибати ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин брифинг баргузор намуданд. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Чин, дар ин маросим беш аз 100 нафар намояндагони вазорату идораҳои ин кишвар, котиботи СҲШ, сафоратҳои […]

ASIA-Plus



Дар бинои меҳмонхонаи «Кемпински»-и шаҳри Пекин дипломатҳои тоҷик таҳти сарварии кордори муваққатии сафорати Тоҷикистон дар Чин Шаҳло Абдураҳимова ба муносибати ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин брифинг баргузор намуданд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Чин, дар ин маросим беш аз 100 нафар намояндагони вазорату идораҳои ин кишвар, котиботи СҲШ, сафоратҳои муқими Пекин, ширкатҳои давлативу хусусӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, агентиҳои туристӣ ва донишҷӯёни тоҷики машғули таҳсил дар Чин иштирок кардаанд.

Дар брифинг зикр гардидааст, ки созишнома дар бораи ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин  байни ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Алянси Сайёҳии Синтзян» моҳи октябри соли гузашта ба имзо расидааст.

Тибқи тавофуқоти ҷонибҳо, парвози аввал тариқи ин хатсайр рӯзи 22 феврал баъди ба итмом расидани ҷашнҳои солинавӣ дар Чин анҷом дода мешавад.

Хатсайри 7J-887 Душанбе – Пекин – Душанбе  аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе соати 17-00 ба вақти маҳаллӣ ҳар рӯзи душанбеи ҳафта сурат гирифта, давомнокии парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Ҳавопаймо соати 01-30 дақиқаи вақти маҳаллии Пекин ба фурудгоҳи ин шаҳр менишинад. Пас аз анҷоми расмиёт ва хизматгузориҳо муддати 1,5 соат, хатсайри 7J-887 соати 03-00 дақиқаи вақти маҳаллии Пекин ба самти Душанбе парвоз карда, соати 07-30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба фурудгоҳи Душанбе мерасад.

Махсус барои хатсайри мазкур ширкати «Тоҷик Эйр» ҳавопаймои навъи «Боинг 757-200»-ро харидааст, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст. Ҳавопаймо 230 ҷойи нишаст дорад, ки 16-тои он ба дараҷаи тиҷоратӣ (бизнес-класс) мансубанд.

Зимни брифинг таъкид гардидааст, ки талабот ба ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Чин дар робита ба рушди бемайлони муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ байни кишварҳо ба вуҷуд омада, минбаъд низ ба густариши ин муносибатҳои ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.