Парлумон лоиҳаи пурбаҳси тағйирот ба қонун дар бораи ВАО-ро баррасӣ мекунад

Тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки боиси баҳсҳои зиёду нигаронии ҷомеаи журналистон шуд, имрӯз дар ҷаласаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ёдрас мекунем, ки чор созмони журналистии Тоҷикистон – Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО, Ассотсиатсияи миллии […]



Тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки боиси баҳсҳои зиёду нигаронии ҷомеаи журналистон шуд, имрӯз дар ҷаласаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ёдрас мекунем, ки чор созмони журналистии Тоҷикистон – Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» рӯзи 1 феврал

изҳороте мунташир сохтанд

, ки дар он аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» нигаронӣ изҳор шуд.

Дар изҳороти созмонҳои журналистии ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки тарҳи мазкур кӯшиши ҷомаи қонунӣ пӯшонидан ба сензура мебошад, ки хилофи Сарқонуни ҶТ аст. Тартиби боздошти фаъолияти расонаҳое, ки меъёрҳои ҳуқуқиро риоя намекунанд, дар қонунгузории ҷорӣ равшану фаҳмо оварда шудааст ва ҳеҷ зарурате ба тағйирот надорад.

Зикр гардида буд, ки ин тағйирот маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон мебошад, зеро ба мақомоти баҳисобгирии ВАО ва прокуратура имкони манъ кардани фаъолияти дилхоҳ расонаҳоро дода, амалан пиёдагардонии тартиби ғайрисудии манъи кору фаъолияти ВАО аст.

Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» дар таҳрири охирин 19 марти соли 2013 аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, вале дар он тартиби манъи фаъолияти ВАО муайян нашуда буд.

Коршиносон бахши матбуот бар ин назаранд, ки қабули ин тағйироту иловаҳо «дастдарозӣ»-и мақомоти прокуратура дар мавриди боздошти фаъолияти ВАО-ро ба таври қобили мулоҳиза меафзояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.