Амалҳои Русия дар Сурияро Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мекунад



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарии имрӯза ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки маъракаи зиддитеррористӣ, ки Русия дар қаламрави Сурия роҳандозӣ кардааст, қатъиян дар доираи ҳуқуқҳои байнулмилалӣ ва бо даъвати ҳукумати расмии ин кишвар амалӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, амалҳои Русия дар Сурияро Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мекунад ва бар ин назар аст, ки нақши Русия дар ҳалли мушкилоти Сурия хеле бузург аст. «Русия ба сифати узви доимии Шӯрои амнияти СММ дар Сурия ҳамчун ҳомии сулҳ амал мекунад», – иброз дошт Сироҷиддин Аслов.

Дар идома вазир таъкид дошт, ки ба муносибатҳои стратегӣ бо Русия Душанбе баҳои баланд медиҳад. «Русия чандин маротиба изҳор дошт, ки амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ минтақаи Осиёи Марказӣ амнияти ӯ низ мебошад», – афзуд ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное