Шӯрообод: Наврасон ҳамсолашонро ба афғонҳо гарав гузоштанд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) зимни як амалиёти махсус ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокинони ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон хонандаи синфи 11 мактаби рақами 11-и ҳамин ноҳия Алишер Абдуҳафизи 17-сола ва донишҷӯи литсейи маҳаллӣ Раҳималии Шарифи 19-соларо боздошт намуданд. Бино ба иттилои АМИТ Ховар» бо такя ба маълумоти […]

ASIA-Plus



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) зимни як амалиёти махсус ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокинони ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон хонандаи синфи 11 мактаби рақами 11-и ҳамин ноҳия Алишер Абдуҳафизи 17-сола ва донишҷӯи литсейи маҳаллӣ Раҳималии Шарифи 19-соларо боздошт намуданд.

Бино ба иттилои

АМИТ Ховар»

бо такя ба маълумоти КДАМ ҶТ, тибқи нишондоди Раҳималии Шариф аз дохили пинҳонгоҳи махсус, воқеъ дар мавзеи «Дашти ришқа»-и деҳаи Ёли ноҳия 17 килограмм маводи нашъаовари афюн ва 15 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимни тафтишот муайян карда шудааст, ки онҳо бо қочоқчии афғон Назрихудо валади Паҳлавондарё созиши ҷиноятӣ баста, бар ивази маводи мухаддир рафиқ ва ҳамдеҳаи худ Аҳмадшоҳ Шеровро (соли таваллудаш 1997) ба нашъаҷаллобони афғон ба гарав гузоштаанд.

Гуфта мешавад, кормандони КДАМ бо баргузор намудани амалиёти махсус Аҳмадшоҳ Шеровро аз асорати гурӯҳи қочоқчиёни афғон таҳти роҳбарии Назрихудо валади Паҳлавондарё озод карда, ба ватан баргардониданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло нисбат ба дастдоштагон дар ин ҷиноят мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.