Раиси тозаинтихоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода рӯзи 4 уми феврал ҷаласаи КМИР-ро баргузор намуд, ки дар он санаи интихоботи миёндаврӣ (пеш аз муҳлат) ба палатаи поёнии парлумон муайян карда шуд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маъракаи интихобот ба ҷойи вакилон Маҳмадалӣ Ватанов (ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1) ва Комил Салимзода (ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16), ки пеш аз муҳлат ваколаташон қатъ шуд, ба санаи 10 апрел таъин карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки ваколатҳои М.Ватанзода бинобар сабаби таъин шуданаш ба вазифаи ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ ва К.Салимзода ба мансаби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов пеш аз муҳлат қатъ гардид.



