С.Аслов муовини Дабири кулли СММ-ро ба ҳузур пазируфт

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 4 феврали соли 2016 муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқенуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва ЭСКАТО, аз ҷумла, масъалаҳои […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 4 феврали соли 2016 муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқенуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва ЭСКАТО, аз ҷумла, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои  минтақавӣ  дар соҳаи нақлиёт, ҳамгироӣ ва ҳампайвандии кишварҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ҷонибҳо оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Муколамаи роҳбарони  кишварҳои Осиёи шимолӣ ва марказии маҳсур дар хушкӣ, ки 17 майи соли равон дар Бангкок дар чаҳорчӯбаи  Ҷаласаи 72-юми ЭСКАТО  ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.