Пешниҳоди ҷиддан маҳдуд кардани истеъмоли тамоку дар ҷомеа

Таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев рӯзи 4 феврал ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он масоили марбут ба зарари истемоли тамоку баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, иштирокчиёни ҷаласа қабули чораҳои қонунгузории муборизаи зидди тамоку, маҳдуд кардани истеъмоли тамоку дар […]



Таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев рӯзи 4 феврал

ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон

баргузор гардид, ки дар он масоили марбут ба зарари истемоли тамоку баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, иштирокчиёни ҷаласа қабули чораҳои қонунгузории муборизаи зидди тамоку, маҳдуд кардани истеъмоли тамоку дар ҷомеа, роҳандозии танзими давлатӣ дар бахши фурӯши тамоку,  афзоиши ҳаҷми андози аксизӣ ба фурӯши маснӯоти тамоку, манъ кардани фурӯши тамоку ба шаҳрвандони то 18 сола, инчунин фурӯши чаканаи тамоку: дар муассисаҳои таълимӣ, муолиҷавӣ, муассисаҳои маданию тамошо ва тарбиявии кӯдакон; дар муассисаҳои тандурустӣ, санъат, варзиш, биноҳои муассисаҳои давлатӣ, вокзалҳо, фурудгоҳҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва ғайраро зарур донистанд.

Зикр гардид, ки барои риоя накардани чунин қоидаҳо шахси тамокукаш ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шавад.

Ғайр аз ин, вакилони мардумӣ пешниҳод карданд, ки рекламаи тамоку манъ карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.