Лимити барқ рӯзҳои наздик бекор мешавад

Энергетикҳои тоҷик ният доранд, ки рӯзҳои наздик реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ (лимит) дар кишварро, ки нимаи моҳи октябри соли гузашта ҷорӣ гардида буд, пурра бекор намоянд. Сардори хадамоти танзим (диспетчерӣ)-и ширкати Барқи тоҷик Одинамаҳмад Чоршанбиев зимни нишасти хабарӣ дар ин робита қайд кард, ки обуҳавои мусоиди зимистон имсола ба энергетикҳо имкон дод, ки масъалаи […]

ASIA-Plus



Энергетикҳои тоҷик ният доранд, ки рӯзҳои наздик реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ (лимит) дар кишварро, ки нимаи моҳи октябри соли гузашта ҷорӣ гардида буд, пурра бекор намоянд.

Сардори хадамоти танзим (диспетчерӣ)-и ширкати Барқи тоҷик Одинамаҳмад Чоршанбиев зимни нишасти хабарӣ дар ин робита қайд кард, ки обуҳавои мусоиди зимистон имсола ба энергетикҳо имкон дод, ки масъалаи таъминот бо барқро нисбат бо солҳои пешин ба таври қобили мулоҳиза беҳтар созанд. «Бо истифода аз захираҳои мавҷуда, рӯзҳои наздик лимитро бекор карданием», – гуфт ӯ, вале таъкид дошт, ки алҳол санаи мушаххаси онро гуфта наметавонад.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» зикр кард, ки «нисбат ба соли гузашта лимит барвақттар бекор мешавад, ҳатто агар он ҳамагӣ як рӯз пештар бошад ҳам».

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта лимити истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон 27 феврал комилан бекор шуда буд.

Ба иттилои намояндаи ширкат, барои бекор кардани лимит захираҳои обиву энергетикӣ ва сӯзишворӣ кифоя мебошанд.

Чоршанбиев таъкид дошт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта захираҳои об дар обанбори асосии кишвар – Норак имрӯз беш аз 1 метр баландтар аст.

Ба гуфтаи роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода, айни замон аксари шаҳру маркази ноҳияҳои ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ бо барқ таъмин буда, ба аҳолии минтақаҳо дар як шабонарӯз то 14 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.