Масъалаи хусусигардонии «Барқи тоҷик» то соли 2018 баррасӣ намешавад

Зимни нишасти хабарӣ сардори Сарраёсати молиявӣ-иқтисодии ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Маҷидов иттилоъ дод, ки ба аввали соли ҷорӣ қарзи ширкат бидуни назардошти воситаҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба 1,5 млрд. сомонӣ расидааст. «Ҳақиқатан ҳам тайи солҳои ахир ширкати «Барқи тоҷик» дар робита ба таъсири манфии омилҳои беруна ва дохилӣ дар вазъъи мушкили молиявӣ қарор […]

ASIA-Plus



Зимни нишасти хабарӣ сардори Сарраёсати молиявӣ-иқтисодии ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Маҷидов иттилоъ дод, ки ба аввали соли ҷорӣ қарзи ширкат бидуни назардошти воситаҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба 1,5 млрд. сомонӣ расидааст.

«Ҳақиқатан ҳам тайи солҳои ахир ширкати «Барқи тоҷик» дар робита ба таъсири манфии омилҳои беруна ва дохилӣ дар вазъъи мушкили молиявӣ қарор дорад», – изҳор дошт ӯ.

Ба қавли Маҷидов, ба санаи 1 январи соли 2016 қарзи ширкат аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» – 505 млн. сомонӣ ва «Сангтӯда-2» – 315 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Маҷидов қайд кард, ки бо назардошти воситаҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ қарзи ширкат ба зиёда аз 8 млрд. сомонӣ мерасад.

«Дар бораи хусусигардонии ширкат дар робита ба вазъи мушкили молии он айни замон дар ин хусус мо ҳеҷ маълумоте дар даст надорем», – иброз дошт намояндаи ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон ҷараёни азнавташкилдиҳии сохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» идома дошта, мувофиқи қарори ҳукумат, он то соли 2018 давом мекунад ва то ин давра масъалаи хусусигардонии ширкат баррасӣ намешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.