Терминалҳои зудпардохти барқпулии «Амонатбонк» дар саросари кишвар



Ҳукумати Тоҷикистон ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дастур додааст, ки кори терминалҳо барои дар муҳлати кӯтоҳ пардохт намудани хизматрасониҳои коммуналиро ба роҳ монад.

Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мутобиқи дастури ҳукумат, пардохти тамоми хизматгузориҳои коммуналӣ, аз ҷумла маблағи истифодаи нерӯи барқ низ бояд танҳо тариқи терминали «Амонатбонк» сурат гирад.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси ин дастур ширкати «Барқи тоҷик» қарордод бо ширкати хусусии «Авфар»-ро, ки қаблан тариқи он аз хизматгузориҳои терминалҳои зудпардохт (Expresspay) истифода мекард, бекор намудааст.

Дар идома қайд шуд, ки «Амонатбонк» аз ширкати «Авфар» таъминоти барномавии теминалҳои пардохт дар муҳлати кӯтоҳро харидааст.

«Айни замон дар шаҳри Душанбе 50 чунин терминал гузошта шуда, шаҳри Норак низ бо чунин дастгоҳҳо таъмин аст ва ҳамчунин корҳои роҳандозии насби чунин барнома дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор ва вилояти Суғд ҷараён дорад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки то санаи 10 феврали соли равон ҳамаи 1,2 млн. нафар истеъмолгарони ширкати «Барқи тоҷик» имкон пайдо мекунанд, ки маблағи истифодаи нерӯи барқро тариқи чунин терминалҳо пардохт кунанд.

spot_imgspot_img

Популярное