Терминалҳои зудпардохти барқпулии «Амонатбонк» дар саросари кишвар

Ҳукумати Тоҷикистон ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дастур додааст, ки кори терминалҳо барои дар муҳлати кӯтоҳ пардохт намудани хизматрасониҳои коммуналиро ба роҳ монад. Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мутобиқи дастури ҳукумат, пардохти тамоми хизматгузориҳои коммуналӣ, аз ҷумла маблағи истифодаи нерӯи барқ низ бояд танҳо тариқи терминали «Амонатбонк» сурат […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Тоҷикистон ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дастур додааст, ки кори терминалҳо барои дар муҳлати кӯтоҳ пардохт намудани хизматрасониҳои коммуналиро ба роҳ монад.

Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мутобиқи дастури ҳукумат, пардохти тамоми хизматгузориҳои коммуналӣ, аз ҷумла маблағи истифодаи нерӯи барқ низ бояд танҳо тариқи терминали «Амонатбонк» сурат гирад.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси ин дастур ширкати «Барқи тоҷик» қарордод бо ширкати хусусии «Авфар»-ро, ки қаблан тариқи он аз хизматгузориҳои терминалҳои зудпардохт (Expresspay) истифода мекард, бекор намудааст.

Дар идома қайд шуд, ки «Амонатбонк» аз ширкати «Авфар» таъминоти барномавии теминалҳои пардохт дар муҳлати кӯтоҳро харидааст.

«Айни замон дар шаҳри Душанбе 50 чунин терминал гузошта шуда, шаҳри Норак низ бо чунин дастгоҳҳо таъмин аст ва ҳамчунин корҳои роҳандозии насби чунин барнома дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор ва вилояти Суғд ҷараён дорад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки то санаи 10 феврали соли равон ҳамаи 1,2 млн. нафар истеъмолгарони ширкати «Барқи тоҷик» имкон пайдо мекунанд, ки маблағи истифодаи нерӯи барқро тариқи чунин терминалҳо пардохт кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.