Мақомоти молияи Тоҷикистон андозаи пардохт барои патентро, ки бар асоси он чанде аз навъҳои фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ амалӣ мешаванд, боло бурданд.
Бино ба маълумоти Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, дар ин хусус фармоиши муштарак
«Оид ба индексатсия (бозҳисобӣ)-и андозаҳои Пардохт барои патент»
-и
Кумитаи андоз ва Вазорати молия аз 19 январи соли ҷорӣ содир шудааст.
«Бо назардошти сатҳи таваррум дар соли 2015, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ дарсоли 2015 5,1 фоизро ташкил медиҳад, андозаҳои индексатсияшудаи пардохт барои патент (андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ) мувофиқи
намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар асоси патент амалӣ кардамешаванд, барои соли 2016 тасдиқ карда шаванд», – омадааст дар фармоиш.
Андозаи бештар баланди пардохт барои патент ба соҳибкорони инфиродии машғул ба кашонидани борҳо бо автомашинаҳои борбардориашон аз 20 тонна зиёд муқаррар шудааст, ки 703 сомонӣ (ба ивази 699 сомонӣ дар соли гузашта) дар як моҳро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин патент барои сурудхонӣ дар ҷашну маъракаҳо низ нисбатан балндтар шуда, аз 601 сомонии соли гузашта ба 633 сомонӣ дар як моҳ расидааст. Акнун барои барандагӣ дар тӯй ва маъракаҳо ҳар моҳ 139 сомонӣ, барои истифодаи таҷҳизоти радио, телевизион ва таҷҳизоти дигар барои ороишоти макони баргузории ҷашну маъракаҳо – 210 сомонӣ, банаворгирии ҷашну маъракаҳо ва истифодаи нақлиёти махсуси автомобилӣ дар базмҳои арӯсӣ – 105 сомонӣ, фурӯши гулҳои тару тоза – 281 сомонӣ ва чаронидани чорво – 53 сомонӣ, барои ҳоҷатхонаи ҷамъиятии пулакӣ – 211 сомонӣ (қаблан – 201 сомонӣ) мебояд пардохт кард.
Бар асоси санади мазкур дар маҷмӯъ дар ҳамаи навъҳои фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ андозаи пардохт барои патент беш аз 5% афзудааст.
Қобили зикр аст, ки Вазорати молия ва Кумитаи андоз аз соли 2014 ваколатдор карда шудаанд, ки бо назардошти сатҳи таваррум, ҳаҷми меъёрҳо барои патентро муайян кунанд.





