Дар буҳрон низ сохторҳои давлатӣ хароҷотро кам карданӣ нестанд



Сарфи назар аз изҳороти раҳбарияти Вазорати молия дар бораи коҳиши хароҷоти дуюмдараҷа, аз ҷумла хароҷоте чун харидани автомашинаҳои хизматӣ, сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар ин масъала худро маҳдуд карданӣ нестанд.

Роҳбари Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои харидории авттомашинаҳо ва таҷҳизот аз буҷет 3,9 мл. сомонӣ маблағ дархост намудааст. «Дар асл бошад, кормандони Палатаи ҳисоб муайян карданд, ки маблағи ин хароҷот каме бештар аз 2,7 млн. сомониро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси Палатаи ҳисоб, таҳлилҳои банақшагирии буҷет барои соли 2016 нишон додаанд, ки дар баъзе ҳолатҳо дархостҳои сохторҳои қудратӣ аз ҳаҷми воқеъӣ зиёданд. «Дар буҷети соли 2016 дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар маҷмӯъ 1 млн. 237 ҳазор сомонӣ зиёдтар нишон дода шудаанд», – афзуд Давлатзода.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврал муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамшед Каримзода

қайд кард

, ки ҳукумати кишвар имсол низ ба амалисозии нақшаи тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ идома медиҳад.

Каримзода зикр кард, ки дар нақшаи зиддибуҳронӣ аз ҷумла сарфаи воситаҳои буҷетӣ аз ҳисоби кам кардани ҳаҷми хароҷотҳои дуюмдараҷа пешбинӣ шудааст. «Ба хароҷотҳои дуюмдараҷа аз ҷониби корхонаву муассисаҳои давлатӣ харидани мебел, автомашинаҳои хизматӣ ва ҳамчунин сохтмони иншооти начандон муҳим ва ғайра дохил мешаванд», – иброз дошт номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное