Ифшои 160 млн. сомонӣ зиёни молӣ зимни санҷишҳои аудиторӣ



Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод, ки соли гузашта зимни санҷишҳои аудиторӣ ба маблағи ҳудуди 160 млн. сомонӣ зиёни молӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 қариб 90 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Давлатзода қайд кард, ки соли гузашта дар вазорату идораҳо, субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ, корхонаву ташкилот ва ҳамчунин бонкҳову дигар муассисаҳои буҷетӣ 438 санҷиши аудиторӣ гузаронида шудааст.

Таъкид шуд, ки аз маблағи умумии зиёни ошкоршуда ҳаҷми хароҷотҳои ғайриқонунӣ – ҳудуди 12,4 млн. сомонӣ, камомад ва азхудкунии восиатҳои пулӣ ва моддӣ – беш аз 5,5 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои сохтмону таъмир – зиёда аз 10,9 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ – 1,7 млн. сомонӣ ва рӯйпӯш кардани андозҳо – 74,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

«Ғайр аз ин, аудиторони палата ғайримақсаднок истифода шудани воситаҳои давлатӣ ба маблағи беш аз 98 млн. 862 ҳазор сомонӣ, истифодаи ғайриоқилонаи воситаҳо дар ҳаҷми 135 млн. 456 ҳазор сомонӣ ва камомад ба маблағи 211 млн. 861 ҳазор сомониро ошкор намуданд», – иброз дошт раиси Палата.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми воситаҳои барқароршуда ба буҷет дар соли гузашта зиёда аз 56,2 млн. сомониро ташкил додааст, ки ҳамагӣ ба 35% аз ҳаҷми умумии зиёни молӣ баробар аст.

spot_imgspot_img

Популярное