Мусодираи беш аз 31 кило маводи мухаддир аз сокини Фархор



Кормандони милитсия рӯзи 8 феврал ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадормарди 39-солаи сокини ноҳияи Фархорро дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шахсии гумонбаршуда тамғаи “Опел-Астра”, дар дохили борхалтаи селофание 12 килою 970 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” ва 14 килою 200 грамм “афюн” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии оғилхонаи сохтмонаш нотамоми дастгиршуда, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин 4 килою 460 грамм маводи сахттаъсири “героин” дарёфт ва мусодира гардида, ҷамъи маводи нашъадори дарёфтшуда 31 килою 630 граммро ташкил додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное