Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз насби парчами Қирғизистон бар боми хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронӣ карда, ба мақомоти Қирғизистон нота ё ёддошти эътирозӣ фиристодааст.
Дар ин бора
Радиои Озодӣ
бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон рӯзи хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар ин ёддошт аз вуруди ғайриқонунии раҳбари яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон ва сарҳадбонҳои он кишвар ба ҳудуди рустои ба номи Ҳалим Бобоеви ҷамоати Овчӣ-Қалъача нигаронӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, ки Қирғизистон вобаста ба ин қазия тафтишоти мунсифона барад ва омилонашро ба ҷавобгарӣ бикашад. Инчунин, дар ин ёддошт аз ҷониби Қирғизистон хоста шудааст, ки дар оянда аз ҳамагуна худсариҳо ҷилавгирӣ намояд.
Ёдрас мекунем, ки тақрибан 30-40 марзбони қирғиз рӯзи 6 феврал вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти Муҳаммадалӣ Абдулвалиев ва Абдуғаффор Ҷалолов – сокинони ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – парчами кишварашонро насб карда, иддао кардаанд, ки манзили Муҳаммадалӣ Абдувалиев дар хоки Қирғизистон аст ва соҳибаш бояд онро холӣ кунад.



