Оғози мурофиаи раҳбарияти ҲНИТ дар Суди олӣ

Дар Суди олии Тоҷикистон пушти дарҳои пӯшида мурофиаи додгоҳӣ нисбат 13 аъзои Шӯрои олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз гардид. Нисбати онҳо мутобиқи моддаҳои 3-14-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбномаҳо пешниҳод шудаанд. Ҳамаи 13 узви фаъоли ҲНИТ 16 сентябри соли гузашта боздошт ва баъди ду ҳафта Суди олӣ ин ҳизбро ифротгаро ва террористӣ эътироф намуд. […]

ASIA-Plus



Дар Суди олии Тоҷикистон пушти дарҳои пӯшида мурофиаи додгоҳӣ нисбат 13 аъзои Шӯрои олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз гардид. Нисбати онҳо мутобиқи моддаҳои 3-14-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбномаҳо пешниҳод шудаанд.

Ҳамаи 13 узви фаъоли ҲНИТ 16 сентябри соли гузашта боздошт ва баъди ду ҳафта Суди олӣ ин ҳизбро ифротгаро ва террористӣ эътироф намуд. Бо қарори суд чопи нашрияи ҳизбии «Наҷот» қатъ карда шуда, сомонаи расмии ҳизб низ баста шуд. ҲНИТ ва роҳбари онро ба ташкил ва маблағгузорӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор карднд, ки онро собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) амалӣ карданӣ буд. Ин исён саркӯб шуда, иштирокчиёни асосии он, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим низ кушта шуд.

Рӯзе, ки ҳукуматдорон аз анҷоми амаиёти махсус алайҳи гурӯҳи Назарзода хабар доданд, ҳабси фаъолони ҲНИТ шурӯъ шуд.

Рӯзи 8 феврал зимни нишасти хабарӣ сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон

Сафаралӣ Мирзозода изҳор дошт

, ки тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 199 афроди гумонбар ба ташкил ва иштирок дар исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузашта таҳти раҳбарии собиқи мувини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол шудааст.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, ин мурофиа дар ҳоле оғоз ёфтааст, ки рӯзи 8 феврал Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” (AHRCA), марказаш дар Фаронса, аз Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ даъват кардааст, то аз мақомоти Тоҷикистон анҷоми муҳокимаи мунсифона ва бози парвандаҳои аъзои баландпояи  ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро тақозо кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.