Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар вохӯрӣ бо дастаи «Аҳлӣ-ал-Халил»-и Фаластин ба шикаст дучор шуда, ба даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 роҳхат гирифта натавонист.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ дар варзишгоҳи «Дура»-и Хеврон доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфтааст. Голи ягонаро соҳибони майдон дар дақиқаи 22-юми вохӯрӣ ба ҳадаф расонидаанд.
Ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 ду намояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ низ роҳхат ба даст оварда натавонистанд. Чемпиони Қирғизистон дар Лубнон аз дастаи маҳаллии «Триполи» дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 6 бар 7 ва дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Турманистон – дастаи «Балкан» дар меҳмонӣ бо ҳисоби 0 бар 2 аз дастаи «Ал-Ваҳда»-и Сурия шикаст хӯрданд.
Тими «Ал-Ҳидд»-и Баҳрайн дар майдони худ бар дастаи «К-Электрик»-и Покистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуда, ба даври гурӯхии ин мусобиқа роҳхат гирифт.



