Ҷавобгарӣ барои гардиши ғайриқонунии асъори хориҷӣ сангинтар мешавад

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии кишварро баррасӣ мекунанд, ки дар онҳо пурзӯр шудани чораҳои ҷавобгарии ҷиноӣ барои даст доштан дар муомили ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар тағйироту […]

Аваз Юлдошев



Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии кишварро баррасӣ мекунанд, ки дар онҳо пурзӯр шудани чораҳои ҷавобгарии ҷиноӣ барои даст доштан дар муомили ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар тағйироту иловаҳо пурзӯр шудани масъулияти шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ дар назар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар тағйироту иловаҳо афзоиши  ҳаҷми ҷарима ва ҳамчунин муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва мусодираи асъор, ки ғайриқонунӣ ба муомилот бароварда шудааст, пешбинӣ мешавад.

Вакилони мардумӣ имрӯз ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тасҳеҳу иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси гумрук ва ба қонун «Дар бораи амният»-ро низ баррасӣ мекунанд.

Ғайр аз ин, палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар бораи «Тағйироту илова ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини санаи раъйпурсии умумихалқӣ»-ро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.