Баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳои Душанбе ва Исломобод

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 9 феврали соли 2016 даври навбатии машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти раҳбарии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Амҷад Ҳусейн Сиал баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе рӯзи 9 феврали соли 2016 даври навбатии машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти раҳбарии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Амҷад Ҳусейн Сиал баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, энергетикӣ, иртиботи нақлиётӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ карданд. Дар ин росто ба рафти иҷрои тавофуқоте, ки дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар моҳи ноябри соли 2015 дар Исломобод ҳосил шуданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷиҳати тақвияти ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор, барқарор намудани робитаҳои фаъол байни соҳибкорон ва доираҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон  ва инчунин тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф иқдомҳои муштарак ҳамоҳанг карда шуданд.  

Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои самарабахш дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Дар натиҷаи машваратҳо омодагии ҳарду ҷониб ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои сиёсӣ, аз он ҷумла дар сатҳҳои олию баланд ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.