«Хуҷанд» ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 роҳ наёфт

Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар вохӯрӣ бо дастаи «Аҳлӣ-ал-Халил»-и Фаластин ба шикаст дучор шуда, ба даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 роҳхат гирифта натавонист. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ дар варзишгоҳи «Дура»-и Хеврон доир гардида, бо ҳисоби 1 бар […]

ASIA-Plus



Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар вохӯрӣ бо дастаи «Аҳлӣ-ал-Халил»-и Фаластин ба шикаст дучор шуда, ба даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 роҳхат гирифта натавонист.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ дар варзишгоҳи «Дура»-и Хеврон доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфтааст. Голи ягонаро соҳибони майдон дар дақиқаи 22-юми вохӯрӣ ба ҳадаф расонидаанд.

Ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 ду намояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ низ роҳхат ба даст оварда натавонистанд. Чемпиони Қирғизистон дар Лубнон аз дастаи маҳаллии «Триполи» дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 6 бар 7 ва дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Турманистон – дастаи «Балкан» дар меҳмонӣ бо ҳисоби 0 бар 2 аз дастаи «Ал-Ваҳда»-и Сурия шикаст хӯрданд.

Тими «Ал-Ҳидд»-и Баҳрайн дар майдони худ бар дастаи «К-Электрик»-и Покистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуда, ба даври гурӯхии ин мусобиқа роҳхат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.