СММ Русияро ба хотимаи зарбаҳои ҳавоӣ ба музофоти Алеппо даъват кард



Дабири кулли СММ Пан Ги Мун хостори он шудааст, ки маълумоти хароб шудани мактаб дар наздикии музофоати Алеппои Сурия мавриди таҳқиқ қарор бигирад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар ин амал Нерӯҳои низомии кайҳонии Русияро муттаҳам мекунанд.

 «Мо бо маълумотҳо дар бораи ҳамла ба мактабҳо шинос шудем. Аён аст, ки Дабири куллли СММ аз ин маълумотҳо дар шаҳри Айн-Жара, наздикии Алеппо хеле нигарон аст», – изҳор доштааст намояндаи Дабири кулли Созмон Стефан Дюжарик. Дар ин бора хабаргузории

РИА Новости

иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи номбурда, «мутаассифона, маълумот доир ба ҳуҷум ба мактабу муассисаҳои тиббӣ тайи ҳафтаҳои ахир зиёд мерасанд». «Агар ин тасдиқ шавад, ҳамлаи имрӯза нақзи ҷиддии ҳуқуқи байнулмилалии башардӯстӣ аст», – гуфтааст ӯ.

Дюжарик таъкид доштааст, ки «Дабири кулли СМИ ба тафтиши пурра ва мустақили ҳодисаи мазкур ва ба ин монанад ҳамлаҳо даъват кардааст».

Бино ба маълумоти агентии Franse-Press, Шӯрои амнияти СММ рӯзи чоршанбе Русияро ба хотима бахшидан ба зарбаҳои ҳавоӣ ба минтакаи Алеппои Сурия даъват карда буд. Ҳамчунин ҳамин рӯз дар Шӯрои амнияти СММ оид ба масоили буҳрони гуманитарӣ дар Алеппо машваратҳои пӯшида баргузор шуданд.  

spot_imgspot_img

Популярное