КМИР шумори дақиқи ҳавзаҳо барои раъйпурсиро муайян мекунад



Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, Комиссияи марказии интихобт ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон уҳдадор аст, ки то санаи 20 феврал шумори ҳавзаҳои интихоботӣ барои баргузор намудани раъйпурсии ба санаи 22 май таъиншуда оид ба тағйирот ба Конститутсияи ҷумҳуриро муайн кунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои муайян кардани шумори ҳавзаҳои интихоботӣ дар берун аз қаламрави кишвар КМИР Тоҷикистон  расман ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар муроҷиат кардааст.

Хотиррасон шуд, ки барои баргузории интихоботи парлумонии рӯзи 1 марти соли гузашта дар Тоҷикистон дар 27 давлати хориҷи кишвар 36 ҳавзаҳои интихоботӣ ва дар дохили Тоҷикистон 3 ҳазору 209 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил шуда буданд.

Намояндаи КМИР аз эҳтимол дур намедонад, ки нисбат ба интихоботи парлумонӣ дар баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ шумори ҳавзаҳои интихоботӣ зиёдтар шавад, зеро тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, шумори интихобкунандагон дар дохил ва хориҷи кишвар афзудааст. 

spot_imgspot_img

Популярное