Ҷамолиддин ва Абдулфаттоҳ, писарони пешвои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Домулло Амриддин, дар зиндони «Багром»-и Афғонистон монданро аз истирдод ба Тоҷикистон афзал шумурдаанд.
Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати мудофиаи Афғонистн дар ин робита ба нашрияи амрикоии Washington Post иттилоъ додааст, ки се тан аз зиндониёни Багром – шаҳрвандони Тоҷикистон Ҷамолиддину Абдуфаттоҳ ва шаҳрванди Ӯзбекистон – Мӯсо Аҳмадҷонов ба бозгашт ба ватан пас аз озодӣ тарс доранд ва бинобар сабаби мавриди шиканҷа гирифтан, дар маҳбас монданро афзал мешуморанд.
Нашрия хотиррасон мекунад, ки мувофиқи ҳуқуқи байнулмилалӣ, маҳбусон дубора ба кишварҳое, ки дар он ҷо мавриди хушунат қарор гирифта метавонанд, фиристода намешаванд ва аз ин лиҳоз, ҳомиёни ҳуқуқ дархост кардаанд, ки онҳо ба кишварҳои сеюм истирдод шаванд.
Дар сомонаи Washington Post ҳамчунин қайд мешавад, ки барои паоҳ ёфтани аз таъқиб, бародарон аввали соли 2000 Тоҷикистонро тарк гуфта, нахуст ба Эрон ва сипас ба Афғонистон рафтаанд.
Соли 2009 онҳо аз ҷониби нерӯҳои Амрико дар Афғонистон боздошт шуда, вале на ИМА ва на прокурорҳои Афғонистон даст доштани онҳо дар ҷиноятҳоро исбот карда натавонистаанд.
Дар ҳамин ҳол, моҳи феврали соли гузашта суди Афғонистон бародаронро ба бидуни раводид дар қаламрави кишвар ҳузур доштан муттаҳам дониста, онҳоро ба се соли зиндон маҳкум кард, аммо бинобар сабаби дар зиндони Багром муддати 5 моҳ қарор доштани онҳо, тасмим гирифта шудааст, ки онҳо раҳо карда шаванд, вале онҳо аз маҳбас рафтанӣ набудаанд.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январ мақомоти Тоҷикистон маълумот дар бораи марги пешвои созмони террористии «Ансоруллоҳ» Амриддин Табаров, бештар маъруф бо лақаби «Домуло Амриддин»-ро тасдиқ карданд. «Амриддин Табаров ним сол пеш дар ҷараёни яке аз амалиётҳо дар Душанбе кушта шуд», – изҳор дошта буд вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ.
Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2012 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави кишварро мамнӯъ эълон намуд.



