Писарони Домулло Амриддин зиндони Афғонистонро аз Тоҷикистон афзал донистаанд

Ҷамолиддин ва Абдулфаттоҳ, писарони пешвои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Домулло Амриддин, дар зиндони «Багром»-и Афғонистон монданро аз истирдод ба Тоҷикистон афзал шумурдаанд. Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати мудофиаи Афғонистн дар ин робита ба нашрияи амрикоии Washington Post иттилоъ додааст, ки се тан аз зиндониёни Багром – шаҳрвандони Тоҷикистон Ҷамолиддину Абдуфаттоҳ ва шаҳрванди Ӯзбекистон – Мӯсо Аҳмадҷонов ба бозгашт […]

ASIA-Plus



Ҷамолиддин ва Абдулфаттоҳ, писарони пешвои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Домулло Амриддин, дар зиндони «Багром»-и Афғонистон монданро аз истирдод ба Тоҷикистон афзал шумурдаанд.

Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати мудофиаи Афғонистн дар ин робита ба нашрияи амрикоии Washington Post иттилоъ додааст, ки се тан аз зиндониёни Багром – шаҳрвандони Тоҷикистон Ҷамолиддину Абдуфаттоҳ ва шаҳрванди Ӯзбекистон – Мӯсо Аҳмадҷонов ба бозгашт ба ватан пас аз озодӣ тарс доранд ва бинобар сабаби мавриди шиканҷа гирифтан, дар маҳбас монданро афзал мешуморанд.

Нашрия хотиррасон мекунад, ки мувофиқи ҳуқуқи байнулмилалӣ, маҳбусон дубора ба кишварҳое, ки дар он ҷо мавриди хушунат қарор гирифта метавонанд, фиристода намешаванд ва аз ин лиҳоз, ҳомиёни ҳуқуқ дархост кардаанд, ки онҳо ба кишварҳои сеюм истирдод шаванд.

Дар сомонаи Washington Post ҳамчунин қайд мешавад, ки барои паоҳ ёфтани аз таъқиб, бародарон аввали соли 2000 Тоҷикистонро тарк гуфта, нахуст ба Эрон ва сипас ба Афғонистон рафтаанд.

Соли 2009 онҳо аз ҷониби нерӯҳои Амрико дар Афғонистон боздошт шуда, вале на ИМА ва на прокурорҳои Афғонистон даст доштани онҳо дар ҷиноятҳоро исбот карда натавонистаанд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи феврали соли гузашта суди Афғонистон бародаронро ба бидуни раводид дар қаламрави кишвар ҳузур доштан муттаҳам дониста, онҳоро ба се соли зиндон маҳкум кард, аммо бинобар сабаби дар зиндони Багром муддати 5 моҳ қарор доштани онҳо, тасмим гирифта шудааст, ки онҳо раҳо карда шаванд, вале онҳо аз маҳбас рафтанӣ набудаанд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январ мақомоти Тоҷикистон маълумот дар бораи марги пешвои созмони террористии «Ансоруллоҳ» Амриддин Табаров, бештар маъруф бо лақаби «Домуло Амриддин»-ро тасдиқ карданд. «Амриддин Табаров ним сол пеш дар ҷараёни яке аз амалиётҳо дар Душанбе кушта шуд», – изҳор дошта буд вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2012 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави кишварро мамнӯъ эълон намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.